Оғози таҳияи барномаи аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон

Баробарӣ байни занону мардон яке аз арзишҳои аввалиндараҷаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки дар санадҳои стратегии он дарҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо ба нақши занону духтарон дар рушди устувор, иштироки баробар ва пешвоии онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастӣ бо СММ амалисозии ташаббуси бузурги глобалиро таҳти унвони […]

Asia-Plus

Баробарӣ байни занону мардон яке аз арзишҳои аввалиндараҷаи Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки дар санадҳои стратегии он дарҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, Иттиҳоди Аврупо ба нақши занону духтарон дар рушди устувор, иштироки баробар ва пешвоии онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Иттиҳоди Аврупо дар ҳамдастӣ бо СММ амалисозии ташаббуси бузурги глобалиро таҳти унвони Spotlight (Нурафкан) оғоз мекунад, ки аз байн бурдани ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон дар саросари дунёро пешбинӣ мекунад.

Тоҷикистон низ барои амалисозии ин ташаббус дар солҳои 2020-2022 миёни кишварҳои қораи Осиё дар баробари Қирғизистону Афғонистон интихоб шуд.

Барои татбиқи Барномаи Spotlight дар Тоҷикистон 5 млн. евро ҷудо мешавад. Айни замон таҳияи Барномаи кишварӣ ҷараён дорад, ки дар он мақсаду вазифаҳои асосӣ, фаъолият, натиҷаҳо ва сохтори идоракунии ташаббус муайян мегардад.

Дар назар аст, ки ташаббуси 3-сола ба такмили қонунҳову сиёсат дар мавриди хушунат аз рӯйи ҷинс; таҳкими имконоти муассисаҳои давлатӣ; фароҳам овардани шароити мусоид барои занон бо меъёрҳои боэҳтиромонаи иҷтимоӣ, ки аз қолабҳо, рафтори зараровар, поймолкунии ҳуқуқ ва зӯроварӣ озоданд; беҳбуди сифати хизматрасониҳо барои ҷабрдидагон аз зӯроварӣ; беҳбуди низоми ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот; дастгирии ҷомеаи шаҳрвнадӣ дар пешгирӣ ва вокуниш ба хушунат дар нисбати занону духтарон мусоидат мекунад.

Дар доираи Барномаи аврупоӣ дар соҳаи демократия ва ҳуқуқи инсон аввали соли 2020 татбиқи боз як лоиҳа – “Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Тоҷикистон” оғоз мешавад, ки ба дастгирии занони осебпазир дар минтақаҳо равона шудааст.

Лоиҳаи 2-сола аз ҷониби Дафтари кории барномавии САҲА амалӣ мегардад, ки қаблан тӯли солҳои зиёд шабакаи васеи Марказҳои захиравӣ барои занонро дар Суғду Хатлон ва Рашту ВМКБ дастгирӣ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.