Тавозуни мусбати Тоҷикистон дар савдои масолеҳи сохтмон

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии 65,3 млн. доллар ба хориҷи кишвар масолеҳи сохтмон содирот кардааст. Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар ин давра ба кишвар ба маблағи 39,2 млн. доллар масолеҳи сохтмон ворид шудааст. Тавозуни мусбатро дар савдои масолеҳи сохтмон барои ҷумҳурӣ семент таъмин кардааст, ки дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии 65,3 млн. доллар ба хориҷи кишвар масолеҳи сохтмон содирот кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, дар ин давра ба кишвар ба маблағи 39,2 млн. доллар масолеҳи сохтмон ворид шудааст.

Тавозуни мусбатро дар савдои масолеҳи сохтмон барои ҷумҳурӣ семент таъмин кардааст, ки дар ин давра ба маблағи 64,9 млн. доллар ба кишварҳои ҳамсоя фурӯхта шудааст.

Аз ҷумла, ба Ӯзбекистон 842 ҳазор тонна, Афғонистон – 546 ҳазор тонна ва Қирғизистон – 78 тонна семент содирот шудааст.

Истеҳсоли семент дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 3,9 млн. тонна асосан аз ҷониби корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин таъмин карда мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат, дар маҷмӯъ давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ба маблағи 2,5 млрд. сомонӣ ($258 млн.) масолеҳи сохтмон истеҳсол шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.