Меҳмонхонаи сохтмонаш кашолёфта дар Душанбе боз аз пардохти андоз озод шуд

Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”-ро дар қатори бунёди мактабҳо аз пардохти андоз дар соли оянда озод карданд. Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 қайд мешавад, ки сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида дар соли оянда озод карда мешавад. Ҳамчунин кор ва хизматрасониҳо оид ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”-ро дар қатори бунёди мактабҳо аз пардохти андоз дар соли оянда озод карданд.

Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 қайд мешавад, ки сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида дар соли оянда озод карда мешавад.

Ҳамчунин кор ва хизматрасониҳо оид ба сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз пардохти чунин андозҳо озод карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешавад. Сохтмони иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.

Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи панҷситорадор 15-уми марти соли 2006 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон доир гардид. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Нахуст зикр гардида буд, ки сохтмони иншоот бояд муддати 1,5 сол пурра ба итмом расад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми ноябри соли равон дар ин меҳмонхонаи сохтмонаш нотамом сӯхтор ба амал омад. Сабабаш истифодаи нодурусти нерӯи барқ аз ҷониби бинокорон маънидод шуд.

Дар бораи ҳаҷми зарари сӯхтор, ки ба ҳисобу китоби он комиссияи махсус машғул буд, маълумот дода нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.