Ҳалокати 5 нафар бар асари садамаҳои нақлиёт

Рӯзҳои истироҳати гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 5 нафар, аз ҷумла, кӯдаки 7-сола ва мӯйсафеди 80-сола ба ҳалокат расиданд. Тибқи иттилои ВКД, 15-уми декабр дар ноҳияи Вахш ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Баҳриддин Умаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қурбоналӣ Абдурауфовро пахш кардааст. Дар натиҷа кӯдаки 7-сола дар ҷойи […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати гузашта бар асари садамаҳои нақлиёт дар манотиқи гуногуни кишвар 5 нафар, аз ҷумла, кӯдаки 7-сола ва мӯйсафеди 80-сола ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои ВКД, 15-уми декабр дар ноҳияи Вахш ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Баҳриддин Умаров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Қурбоналӣ Абдурауфовро пахш кардааст. Дар натиҷа кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Субҳи ҳамон рӯз дар ноҳияи Варзоб ронандаи “Опел Вектра” Субҳоналӣ Рафиев ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пиёдагарди 80-сола Бобомурод Давлатовро пахш кардааст. Мӯйсафеди нафақахӯр ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Шоми 14-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия” Шарифҷон Хайруллоев ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди деҳаи Ноҷии поёни шаҳри Ҳисор ба “Трактор” бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи “Дэу-Нексия” ва мусофири дохили мошин Гулрухсор Ҳабибуллоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду мусофири дигари сабукрав бистарии беморхона шудаанд.

Ҳамон рӯз дар шаҳри Ваҳдат ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Бахтиёр Завуров ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Майсазор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шариф Соҳибовро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.