Калисои русӣ ба гуруснагон дар Тоҷикистон хӯрок медиҳад

Дар калисои насронии Свято Николскийи шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта ба ниёзмандон хӯрок дода мешавад. Ин ҷо 250 нафар ҷамъ шуда, барои ҳама хӯроки гарму болаззат кифоя аст. “Мо ҳамаро қабул мекунем, – мегӯяд Феодора Власова, роҳбари Шуъбаи иҷтимоии калисо. – Шахсоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ба мо муроҷиат кунанд. […]

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар калисои насронии Свято Николскийи шаҳри Душанбе ҳар рӯзи якшанбеи ҳафта ба ниёзмандон хӯрок дода мешавад. Ин ҷо 250 нафар ҷамъ шуда, барои ҳама хӯроки гарму болаззат кифоя аст.

“Мо ҳамаро қабул мекунем, – мегӯяд Феодора Власова, роҳбари Шуъбаи иҷтимоии калисо. – Шахсоне, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ба мо муроҷиат кунанд. Мо ба мансубияти диниву мазҳабӣ ва аз кадом миллат будани онҳо кор надорем”.

Хӯрокро дар ин ҷо сокини маҳаллӣ Ёрмаҳмад тайёр мекунад. Хӯрокҳо ҳар ҳафта гуногунанд.

Ба ҷуз хӯроки гарми нисфирӯзӣ, ҳар моҳ ба ниёзмандону бесарпаноҳон маҷмӯи маҳсулоти ғизоӣ ва ба беморон муворфиқи таъинот доруворӣ дода мешавад.

“Сокинони маҳаллӣ низ баҳри кумак ба ниёзмандон маҳсулоти хӯрокворӣ меоранд, аз ҷумла, макарону консерва, равған, чой, қанд ва ғайра. Мо аз инҳо барои афроди ниёзманд хӯрокворӣ тайёр мекунем”, – иброз медорад Власова.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.