Пулиси Қазоқистон тоҷикистониёро аз сармо наҷот дод

Дар роҳи автомобилгарди Самара – Чимкенти вилояти Актюбински Қазоқистон мусофирбари хориҷиён вайрон шуд. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти пулиси роҳи вилоят хабар медиҳад. Тибқи маълумоти мақомоти пулис, барои соз кардани автобус корҳои кафшергарӣ лозим шудааст. Дар мусофирбар 54 нафар қарор доштаанд (50 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон). Автобус аз шаҳри Перми […]

Asia-Plus

Дар роҳи автомобилгарди Самара Чимкенти вилояти Актюбински Қазоқистон мусофирбари хориҷиён вайрон шуд. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти пулиси роҳи вилоят хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, барои соз кардани автобус корҳои кафшергарӣ лозим шудааст. Дар мусофирбар 54 нафар қарор доштаанд (50 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон).

Автобус аз шаҳри Перми Русия ба Ӯзбекистон мерафтааст. Он вайрон шудаву чанд соат дар роҳ истодааст ва сардии ҳаво ба одамони дохили он таъсир кардааст.

Кормандони пулис ҳамаи мусофиронро ба наздиктарин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бурдаанд, ки дар он қаҳвахонаи гарм кор мекард.

Ба ҳамаи мусофирон чойи гарм додаанд. Сипас кормандони пулис дастгоҳи кафшергарӣ ёфта, нуқси автобусро бартараф кардаанд. Баъд аз тай кардани садҳо километр дар ноҳияи Иргиз мусофирбар боз вайрон мешавад. Кормандони пулис дар ҳамдастӣ бо намояндагони хадамоти ҳолатҳои фавқулода автобусро бо мусофирон ба кемпинг (урдугоҳ) оварда, ба таъмираш кумак ва то сарҳади вилояти Қизилорда гусел карданд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябр низ кормандони пулиси Қазоқистон тоҷикистониёнро аз мусофирбари азкормонда дар роҳи вилояти Павлодар ба дигар ҷой бурда, 43 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сармо наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.