“Об куҷо шуд?” Чаро Душанбе як шабонарӯз бе об монд?

Мушкилоти вобаста ба таъмини як қисмати аҳолии шаҳри Душанбе бо оби нӯшокӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ба вуҷуд омад, субҳи имрӯз пурра бартараф карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд. “Мушкили марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бар асари садамаи субҳи 16-уми декабр рухдода дар яке аз шабакаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мушкилоти вобаста ба таъмини як қисмати аҳолии шаҳри Душанбе бо оби нӯшокӣ, ки рӯзи 16-уми декабр ба вуҷуд омад, субҳи имрӯз пурра бартараф карда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд.

“Мушкили марбут ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бар асари садамаи субҳи 16-уми декабр рухдода дар яке аз шабакаи шоҳқубурҳо дар буриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ва Карамов ба амал омад”, – гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки оқибатҳои ин садама соати 6-и субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони КВД “Обу корези Душанбе” бартараф карда шуд.

Бино ба иттилои шаҳрдорӣ, комиссияи махсус ба таҳқиқи сабабҳои рух додани садама дар шабакаи обтаъминкунӣ оғоз кардааст.

“Агар хунукназарии хадамоти марбутаи шаҳр ба ин ҳодиса боис шуда бошад, нисбат ба роҳбарони онҳо чораҳои қатъӣ – то аз мансаб барканор шудан андешида мешавад”, – таъкид дошт манбаъ дар шаҳрдории пойтахт.

Дар бораи рух додани садама рӯзи душанбе ҳеҷ изҳороте садо надода буд. Аз ин рӯ, мардум дар тааҷҷуб буданд, ки чаро онҳоро аз қатъи оби нӯшокӣ огоҳ накарданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон аз он шикоят доштанд, ки сокинони пойтахт бо об тариқи мошинҳои обкашонӣ таъмин нестанд. Дар як муддати кӯтоҳ рафи зарфҳои обдори мағозаҳо холӣ шуд.

Айни замон интиқоли оби нӯшокӣ ба аксари манзилҳои сокинони шаҳр таъмин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.