Ангишт дар минтақаҳои Тоҷикистон чӣ нарх дорад?

Date:

Аз мақомот даъват шуд, ки ба масъалаи беасос қимат шудани он расидагӣ кунанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар болоравии нархи чаканаи ангишт миёнаравонро гунаҳкор дониста, аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ба масъалаи беасос қимат шудани ин навъи сӯзишворӣ расидагӣ кунанд.

Сардори Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ Баҳриддин Абдураҳимзода қаблан ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки бо истифода аз фарорасии мавсими сармо шахсони ҷудогона нархи ангиштро боло бурданд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, дар минтақаҳо як тонна ангишти истеҳсоли Тоҷикистон бо назардошти хароҷоти нақлиёт аз 800 то 1200 сомонӣ нарх дорад. Имрӯз як халта ангишти истеҳсоли Тоҷикистон, ки вазнаш 25 кило аст, дар Панҷакент – 28, Турсунзода – 23 ва Бохтар – 25 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нархи ангишти истеҳсоли Қирғизистон 30-50 дирам гаронтар шудааст. Арзиши он низ ба хароҷоти нақлиёт вобаста мебошад. Айни замон дар Хуҷанд 1 килои ин навъи ангиштро бо нархи 1 сомониву 40 дирам, дар Турсунзода ва Бохтар – 1,80 ва дар Рашту Кӯлоб – 2 сомонӣ мехаранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...