Ҷавони солиме, ки худро маъюб вонамуду талбандагӣ мекард, 5 рӯз ҳабс шуд

Як ҷавони сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар асл солим асту худро маъюб вонамуд мекард ва бо нишон додани ин ҳоли худ ба дилсӯзии мардум умед баста, дар маркази шаҳри Душанбе талбандагӣ мекард, боздошт шуд. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Муборакшо Зиёев дар хиёбони Рӯдакии шаҳри […]

Asia-Plus

Як ҷавони сокини шаҳри Ваҳдат, ки дар асл солим асту худро маъюб вонамуд мекард ва бо нишон додани ин ҳоли худ ба дилсӯзии мардум умед баста, дар маркази шаҳри Душанбе талбандагӣ мекард, боздошт шуд.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Муборакшо Зиёев дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо барои маблағ ба ин кор машғул шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=ueAnbTMEqes

Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда барои ин амал санади дахлдор таҳия шуда, ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин гардидааст

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.