Барқияи ҳамдардии Рустами Эмомалӣ ба ҳокими Тошканд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиҷхоҷаев дар робита ба марги одамон бар асари лағзиши замин барқияи таслият ирсол кард. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, дар барқияи Рустами Эмомалӣ қайд мешавад, ки “хабари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиҷхоҷаев дар робита ба марги одамон бар асари лағзиши замин барқияи таслият ирсол кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, дар барқияи Рустами Эмомалӣ қайд мешавад, ки “хабари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд, ки боиси ба ҳалокат расидани шаҳрвандон гардида, харобиҳои калонро ба бор овард, моро хеле андуҳгин кард”.

“Итминони комил дорем, ки тадбирҳои аз ҷониби ҳокимияти бародаршаҳри Тошканд андешидашаванда ба ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои ин садама мусоидат хоҳад кард”, – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом аз номи шаҳрдории Душанбе ба пайвандону наздикони қурбониён ҳамдардиву таслияти амиқ изҳор шуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоста шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18-уми декабр бар асари лағзиши замин дар майдони сохтмонии хатти метрои Юнусободи шаҳри Тошканд 6 нафар коргарон ҳалок шуданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ба итмом расида, ҷасадҳои ҳамаи фавтидагон дарёфт шуданд.

Бо супориши комиссияи ҳукумат ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 100 млн. сӯм дода шуда, дар баргузории маъракаҳои гӯручӯб ва азо ба онҳо кумак карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.