Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт, аммо то ҳол кумаки башардӯстона мефиристанд

Ҳамасола 19-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнулмилалии кумак ба камбизоатонро таҷлил мекунад. Он соли 1995 аз ҷониби СММ муқаррар шуд. Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, дар охири асри ХХ наздики чоряки аҳолии сайёра, яъне 1,5 млрд. нафар камбизоат дониста мешуданд. Таҳқиқот бозгӯйи он аст, ки дар давраи аз соли 1999 то 2007 зиёда аз 300 млн. […]

Ҳамасола 19-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байнулмилалии кумак ба камбизоатонро таҷлил мекунад. Он соли 1995 аз ҷониби СММ муқаррар шуд.

Тибқи маълумоти коршиносони байнулмилалӣ, дар охири асри ХХ наздики чоряки аҳолии сайёра, яъне 1,5 млрд. нафар камбизоат дониста мешуданд. Таҳқиқот бозгӯйи он аст, ки дар давраи аз соли 1999 то 2007 зиёда аз 300 млн. нафар аз қашшоқӣ фавтиданд. Қобили зикр аст, ки ҳатто дар ду ҷанги ҷаҳонӣ ин шумор одамон қурбон нашуда буданд.

Бо вуҷуди рушди босуръати иқтисоди ҷаҳонӣ ва ба сатҳи баланди зиндагӣ расидани теъдоди бештари одамон, то ҳол камбизоатӣ яке аз мушкилоти калидии инсоният боқӣ мемонад.

Давоми солҳои 2012-2018 мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон 10 банди фоизӣ – аз 37,4% то ба 27,4% поин рафт.

Бо вуҷуди ин, байни минтақаҳои кишвар фарқи назаррас ҷой дошта, камбизоатӣ бештар хоси деҳот аст. Ва то ҳол ба мо кумаки башурдӯстона мефиристанд.

Тӯли солҳои 2010-2018 Тоҷикистон беш аз 180 ҳазор тонна кумаки башардӯстона ба маблағи 614 млн. доллар гирифт. Кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон дар солҳои 2010-2014 – ИМА, солҳои 2015-2018 – Русия, Чин ва Олмон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.