Дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ нархи он низ боло меравад

Бо вуҷуди афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ, нархи онҳо дурақама боло рафтанд. Дар 11 моҳи соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ наздики 5 млрд. сомонӣ (($515 млн.)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5% ва ё 588,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Бино ба иттилои дафтари […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бо вуҷуди афзоиши назарраси ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷумҳурӣ, нархи онҳо дурақама боло рафтанд.

Дар 11 моҳи соли 2019 тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ наздики 5 млрд. сомонӣ (($515 млн.)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5% ва ё 588,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмӯъи маҳсулоти саноатӣ 20,1%-ро ташкил дода, қариб ба 35%-и маҳсулоти саноати коркарди ҷумҳурӣ баробар мебошад.

Гуфта мешавад, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ хӯрокворӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ – 27,3%, коркарди намаки ошӣ – 24,8%, нӯшокиҳои беспирт – 20,8%, истеҳсоли гӯшт – 21,6%, маҳсулоти шири холис – 4,3, нон ва маҳсулоти нонӣ – 1,2%, маҳсулоти ҳасибӣ – 13,3%, истеҳсол ва бастабандии равғани рустанӣ – 16,6%, консерваҳои меваю сабзавот – 13%, меваи хушк – 16% ба вуҷуд омадааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ тайи соли охир ба андозаи 10,1% боло рафтааст.

Бештар нархи гӯшт (22,6%), маҳсулоти нонӣ (17,5%), сабзавот (12,7%), шир ва маҳсулоти ширӣ (3,3%), тухм (1,9%) ба таври назаррас боло рафт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.