Чоршанбе Аловатов аз Тоҷикистон ғолиби Central Asia’s Got Talent

Шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent ғолиб омад. Дар рақобат барои дарёфти зинаи аввал 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, шоҳҷоиза (гран-при) насиби Чоршанбе Аловатов гардид. Ба ӯ ҳамчунин барои пирӯзӣ 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд. Дирӯз дар даври ниҳоӣ дар шаҳри […]

Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон Чоршанбе Аловатови 22-сола дар озмуни шахсони боистеъдоди Central Asia's Got Talent ғолиб омад.

Дар рақобат барои дарёфти зинаи аввал 12 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, шоҳҷоиза (гран-при) насиби Чоршанбе Аловатов гардид. Ба ӯ ҳамчунин барои пирӯзӣ 10 000 000 танга (25,5 ҳазор доллар) мукофотпулӣ тақдим шуд.

Дирӯз дар даври ниҳоӣ дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон ӯ ҳайати ҳакамонро тасхир ва ба овозҳои аз ҳама бештари бинандагон соҳиб шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=xV7aTTn0ad4

Қаблан Чоршанбе Аловатов таронаи маъруфи овозхони саршиноси тоҷик Муборакшо Мирзошоев таҳти унвони “Акрамҷон”-ро иҷро кард.

Шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Бритониё истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ шудааст.

Барномаҳо бо чунин тарз дар беш аз 70 кишвари саросари ҷаҳон наворбардорӣ мешаванд. Got Talent ҳамчун муваффақтарини реалити-шоу (шоуи воқеӣ) дар ҷаҳон ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шудааст.

Чоршанбе Аловатов дар меҳмонии барномаи “Набзи рӯз”-и радиои “Азия-Плюс”

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.