Тоҷикистониён ҳакамони Central Asia’s got talent-ро дар ҳайрат гузоштанд

Дар шабакаи давлатии ТВ “Сафина” намоиши рӯзномаҳои даври интихобии ҷолибтарин шоуи шахсони боистеъдод – Central Asia’s got talent оғоз шуд. Онро метавон рӯзҳои якшанбе соати 17:40 тамошо кард. Даври интихобӣ ё худ кастинг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи июли соли равон доир гардид. Дар Душанбе шоуи мазкур дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ […]

Дар шабакаи давлатии ТВ “Сафина” намоиши рӯзномаҳои даври интихобии ҷолибтарин шоуи шахсони боистеъдод – Central Asia’s got talent оғоз шуд. Онро метавон рӯзҳои якшанбе соати 17:40 тамошо кард.

Даври интихобӣ ё худ кастинг дар кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи июли соли равон доир гардид. Дар Душанбе шоуи мазкур дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Созмондиҳандагони он гурӯҳи расонаҳои ASIA-Plus дар шарикӣ бо ТВ “Сафина” буданд.

Садҳо нафар афроди қобилиятноку боистеъдод аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дар пойтахт ҷамъ омаданд, то қалби тамошобинону ҳайати ҳакамонро тасхир карда, ба даври финалии ин шоуи ҷолиб роҳ ёбанд. Аз байни онҳо 16 нафар интихоб шуданд, ки айни замон ба марҳилаи дуюми озмун дар Алмаато омодагӣ мегиранд.

Гранд-финали шоу моҳи декабр дар шаҳри Нур-Султон баргузор мешавад.

Айни замон маълум аст, ки Шоҳин Юсупови 12-сола аз Данғара дар 30 сония Кубик-Рубикро ҷамъ карда, қалби ҳайати ҳакамонро тасхир кардааст.

Йог Исматулло Ҳамидов ба ҳакамон ҳунарнамоии худро бо найза ва мехҳо намоиш дод. Диққат! Муаллифони навори видео огоҳ мекунанд, ки ҳеҷ кас ба такрори амалҳои дидааш талош наварзад.

Мубинаи 22-сола аз Душанбе ба рағми хоҳиши волидон танҳо ба шоуи «Центральная Азия Ищет Таланты» (Осиёи Марказӣ Истеъдод Меҷӯяд) омада, суруди Adelе-ро иҷро кард ва аз ҳамаи ҳакамон баҳои “Қабул!” гирифт.

Фаррух Ҳасанзода таронаи Billie Eilish – "Lovely"-ро иҷро ва ҳайати ҳакамонро мафтун кард. Узви ҳайати ҳакамон – Ҳунарманди мардумии Қирғизистон Гулнур Сатилганова аз ҳунарнамоии Фаррух ба ваҷд омад.

Азизҷон Сайфуллоеви 23-сола доварону тамошобинонро бо тақлиди овози ҳайвонот ба ҳайрат овард. Овози сагро ӯ хеле ҷолиб тақлид мекунад.

Шоуи телевизионии Central Asia’s Got Talent дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain's Got Talent ("Бритониё истеъдод меҷӯяд") роҳандозӣ шудааст. Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Ӯзбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ "Сафина" (Тоҷикистон) намоиш дода мешавад.

Дар шоу намояндагони Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Дар даври финалӣ ҳар кадоме аз кишварҳоро се иштирокдор намояндагӣ мекунанд, ки аз даврҳои интихобӣ гузаштаанд. Аз ҳар як кишвар беҳтарин иштирокдор ва ғолиби лоиҳа муайян карда мешавад. Ба ғолиби лоиҳа 260 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Дар даврҳои интихобӣ ва гранд-финал намояндагони ҳамаи кишварҳои иштирокдори лоиҳа ба ҳайати ҳакамон шомиланд. Дар ҳайати ҳакамон Тоҷикистонро актёр, ҳунарманди театр ва коргардони филмҳои мустанад Аловуддин Абдуллоев, Қазоқистонро овозхон, ровии телевизион ва тоҷир Нурлан Абдулин, Ӯзбекистонро овозхон ва ҳунарпешаи синамо Ситора Фармонова ва Қирғизистонро овозхон, Ҳунармнади халқии ин кишвар Гулнур Сатилганова намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Шарики кулли лоиҳаи Central Asia’s got talent дар Тоҷикистон ширкати “МегаФон Тоҷикистон” буда, ширкатҳои “Сомон Эйр”, “ТАЛКО Голд” ва “Coca-Cola Tajikistan” шарикони дигари баргузории он мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.