Ташрифи Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук ба Тоҷикистон

Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия   бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 23 сентябр Кунио Микурияро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук баррасӣ шуд. Гуфта […]

Дабири кулли  Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ- WCO – World customs organization/ Кунио Микурия   бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рӯзи 23 сентябр Кунио Микурияро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии гумрук баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди инфрасохтори гумрук, тайёр кардани кадрҳои соҳа ва баланд бардоштани савияи ихтисоси онҳоро муҳокима карданд.

Таъкид шудааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки зимни нишасти хабарӣ Кунио Микурия изҳор доштааст, ки дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи масъалаҳои раванди ислоҳоти соҳаи гумрук дар Тоҷикистон, аз ҷумла, дар миқёси шаҳри Душанбе ва дигар дидбонгоҳҳои минтақаҳои сарҳадӣ баррасӣ шуданд.

Кунио Микурия илова кардааст, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тадбирҳои мушаххас мавриди амал қарор гиранд. Дар ин раванд омода намудани кадрҳои соҳа, таъмин ва муҷаҳҳаз гардонидани дидбонгоҳҳо бо технологияҳои муосир ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ зарур мебошад, ки ин пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Кунио Микурия дар ҳошияи сафари расмӣ ба Тоҷикистон аз дидбонгоҳҳои гумрукии «Терминал»-и Раёсати минтақавии гумрукии шаҳри Душанбе ва дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ»-и Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода боздид карда, бо фаъолияти  онҳо аз наздик  шинос мешавад. Дабири  кулли СҶГ инчунин аз «Кохи  Наврӯз», ангурбоғи шаҳри Турсунзода ва дараи Варзоб боздид мекунад.  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.