Қадрдонии сокини ноҳияи Рӯдакӣ пас аз марг. Ӯ ҷинояткорро боздошт кардан мехост

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимовро, ки ҳангоми кӯшиши боздошти ҷинояткор ҳалок шуд, пас аз марг бо медали “Барои далерӣ” қадрдонӣ кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соатҳои 19:00 дар кӯчаи Борбади пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ телефони шаҳрванд Артур Тугеевро гирифта, ба самти бозори “Деҳқон” воқеъ дар маҳаллаи […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимовро, ки ҳангоми кӯшиши боздошти ҷинояткор ҳалок шуд, пас аз марг бо медали “Барои далерӣ” қадрдонӣ кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соатҳои 19:00 дар кӯчаи Борбади пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ телефони шаҳрванд Артур Тугеевро гирифта, ба самти бозори “Деҳқон” воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем мегурезад. Тугеев мардро дунболагирӣ карда, ба ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Наимов ҳамроҳ мешавад.

“Наимов мардро дарёб карда, ӯро меафтонад, аммо ҷинояткор бо олоти бурандаю халанда ба бадани Наимов Мустафо задаву ӯро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Аз ҷароҳатҳои бардошта Наимов дар бемористон ҳалок шуд. Айни замон ҷиҳати боздошти ҷинояткор тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимов барои зоҳир кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.