Мусодираи беш аз 194 кило шираи камол аз сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Кормандони милитсия дар хонаи сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Рӯдакӣ 6 адад зарфҳои 20-литра ва 2 адад селофани полиэтиленӣ бо шираи камолро дарёфт ва мусодира карданд. Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, мувофиқи маълумотномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маводи мазкур “шираи камол” буда, вазни холисаш 194 килограмму 120 граммро ташкил медиҳад. […]

Asia-Plus

Кормандони милитсия дар хонаи сокини деҳаи Пистамазори ноҳияи Рӯдакӣ 6 адад зарфҳои 20-литра ва 2 адад селофани полиэтиленӣ бо шираи камолро дарёфт ва мусодира карданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, мувофиқи маълумотномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маводи мазкур “шираи камол” буда, вазни холисаш 194 килограмму 120 граммро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 234 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Мувофиқи ин модда ӯ дар ҳаҷми 58 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуда метавонад.

Аз соли 2013 тибқи қонунгузориии Тоҷикистон ҷамъоварии шираи камол манъ шудааст. Дар моддаи 234, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ кардан, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани шираи камол ба маблағи 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, миқдори ниҳоят зиёди шираи камол беш аз 10 кило муқаррар шудааст.

Камол рустании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯйи сир дошта, мазааш турш аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.