Интизороти ҳукумат: рушди иқтисод дар се соли оянда то 8% меафзояд

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши воқеӣ (реалӣ)-и иқтисоди кишварро дар се соли оянда дар сатҳи қариб 8% интизорӣ дорад. “Афзоиши реалии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2020 – 7,8%, соли 2021 – 7,9% ва дар соли 2022 – 8,0% -ро ташкил хоҳад дод”, – хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши воқеӣ (реалӣ)-и иқтисоди кишварро дар се соли оянда дар сатҳи қариб 8% интизорӣ дорад.

“Афзоиши реалии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2020 – 7,8%, соли 2021 – 7,9% ва дар соли 2022 – 8,0% -ро ташкил хоҳад дод”, – хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Қобили зикр аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои соли 2019 сатҳи афзоиши воқеии иқтисоди кишвар 7,5%-ро ташкил дод.

ММД соли равон дар ҳаҷми наздики 87,4 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз соли гузашта 11,7% зиёдтар мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки дар солҳои 2021-2022 ММД-и номиналӣ бо ҳисоби миёна ба 11,0% афзоиш ёфта, қариб ба 108,8 млн. сомонӣ баробар мешавад.

Мутобиқи ҳисобҳои ҳукумат, таваррум дар соли равон 6,8% хоҳад шуд. Дар солҳои 2021 ва 2022 он мутаносибан дар сатҳи 6,8% ва 6,6% пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, қайд мекунанд дар Вазорати молия, соли 2020 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба ҳисоби миёна 6,7% поин рафта, 10,2 сомонӣ барои 1 долларро ташкил хоҳад дод.

Соли 2019 арзи миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 2,7% беқурб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.