Собиқ раиси шаҳри Хоруғ ба нафақа гусел шуд

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов 4 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро 2-юми январ ба нафақа гусел ва ба ҷойи онҳо шахсони дигарро таъин кард. Ба иттилои МИМҲД ВМКБ, ӯ бо изҳори сипос аз хизматҳои Арамбегим Маҳтобшозода – мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Сардорбек Азорабеков – сармутахассиси шуъбаи […]

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов 4 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро 2-юми январ ба нафақа гусел ва ба ҷойи онҳо шахсони дигарро таъин кард.

Ба иттилои МИМҲД ВМКБ, ӯ бо изҳори сипос аз хизматҳои Арамбегим Маҳтобшозода – мудири шубаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Сардорбек Азорабеков – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, Покиза Раҳматшоева – сармутахассиси шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдо, Рамазон Рамазонов – намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Душанбе, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ ба нафақа гусел кард.

Инчунин Акрамхон Кучакшоев ба вазифаи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар шаҳри Душанбе, Нилуфар Асламшоева ба вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ ва Имомназар Хоҷаназар ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ таъин шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” сухангӯйи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков хабар дод, Арамбегим Маҳтобшозода то ба нафақа баромадан ба ҳайси мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят фаъолият мекард. Замоне ӯ дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кор карда, вакили Маҷлиси миллии кишвар низ буд.

Нилуфар Асламшоева, ки ӯро дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ иваз кард, қаблан ба ҳайси муовини раиси телевизиону радиои ВМКБ фаъолият дошт.

Раиси вилоят аз кормандони навтаъин даъват ба амал овард, ки содиқона ба Ватану миллати худ хизмат кунанд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.