Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

АНОНС

 – Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА Элис Уэллс ба Душанбе меояд. Дар вохӯриҳои ӯ бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву энергетикӣ ва гуманитарӣ баррасӣ мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Элис Уэллс

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6935 сомонӣ;

1 евро – 10.7898 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1559 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

 1838 Бори нахуст дастгоҳи телеграфии Морзе ба маърази тамошои умум гузошта шуд.

1937 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дуввумин бақайдгирии умумииттифоқии аҳолӣ доир гардида, аҳолии СССР 170 млн. нафар муайян карда шуд.

1965 – Ноҳияҳои Вахш ва Комсомолобод (феълан Нуробод) ташкил карда шуданд.

2010 – Дар Тоҷикистон маъракаи оммавии фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НОБ-и Роғун» оғоз гардид.

МЕДИА (YOUTUBE)

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

82 сол пеш овозхони маъруфи Италия, оҳангсоз, актёр, коргардон ва ровии телевизион Адриано Челентано ба дунё омад, ки дар саросари дунё мухлисони сершумор дорад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 4+9° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 2-7 хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона аз 16-21° то 23- 28 хунук, рӯзона аз 6-11° хунук то 10-15° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат ва пуршиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борон, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 1+3° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар —   Ҳавои абрнок, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...