Намояндаи баландпояи ИМА: Вашингтон нияти ҷанг бо Теҳронро надорад

Муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс дар вохӯрии рӯзи 7-уми январ бо рӯзноманигорони тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Риҷенси Душанбе” изҳор дошт, ки ИМА нияти ҷанг бо Эронро надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи корҳое, ки ИМА тайи солҳои охир нисбат ба Теҳрон анҷом додааст, посухи муносиб ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Муовини аввали ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэллс дар вохӯрии рӯзи 7-уми январ бо рӯзноманигорони тоҷик дар меҳмонхонаи “Ҳайятт Риҷенси Душанбе” изҳор дошт, ки ИМА нияти ҷанг бо Эронро надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи корҳое, ки ИМА тайи солҳои охир нисбат ба Теҳрон анҷом додааст, посухи муносиб ба амалкарди ҳукуматдорони Эрон аст.

Дар ҳамин ҳол, Элис Уэллс ҷонибдориашро аз амалиёти куштани генерал Қосим Сулаймонӣ бо фармони президенти ИМА баён кард. Вай афзуд, ки Сулаймонӣ фаъолона ҳамла ба амрикоиҳоро тарҳрезӣ мекард.

Элис Уэллс таъкид дошт, ки ҳамаи амалҳои ИМА нисбат ба Эрон хусусияти боздоранда доштанду минбаъд ҳам чунин хоҳанд буд. Ӯ зикр кард, ки ИМА дар остонаи ҷанг қарор надорад.

“Ҳадафи ИМА пешгирии густариши бесуботӣ дар минтақа мебошад, ки аз ҷониби Эрон роҳандозӣ мешавад. Шумо бубинед, Эрон дар Сурия, Лубнон, Афғонистон, ки бо кишвари шумо ҳамсарҳад аст, чӣ корҳое анҷом медиҳад. Бесуботие, ки Эрон эҷод мекунад, ба амнияту суботи Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. ИМА тадбирҳои боздоранда нисбат ба Эрон амалӣ месозад, то ки дар Теҳрон дарк кунанд: ҳамаи он амалҳое, ки онҳо ғайримустақим ё тариқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бевосита анҷом медиҳанд, барои минтақа оқибатҳои ногувор ба бор меорад”, – изҳор дошт Элис Уэллс.

Дипломати баландпояи амрикоӣ рӯзи 7-уми январ дар Душанбе бо вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, инчунин раиси КДАМ Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз бахши қудратии ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар гуфтушунидҳо асосан ба масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва аслиҳа таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.