ИМА ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи $575 ҳазор мошинҳои сабукрав дод

Дар маросими таҳвили воситаҳои нақлиёт сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини вазири мудофиаи ҶТ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Тавре дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, воситаҳои нақлиёт ба қӯшунҳои мобилии Вазорати мудофиаи ҶТ имкон медиҳанд, ки дар шароити […]

Asia-Plus

Дар маросими таҳвили воситаҳои нақлиёт сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Маҳмадзода Суҳроб Талбак, муовини вазири мудофиаи ҶТ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Тавре дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, воситаҳои нақлиёт ба қӯшунҳои мобилии Вазорати мудофиаи ҶТ имкон медиҳанд, ки дар шароити вазнини релефи маҳалҳо амалиёт гузаронанд.

Гуфта мешавад, воситаҳои нақлиётро Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи маблағгузории низомиёни хориҷӣ бо арзиши 575,000 доллари ИМА пешниҳод кардааст.

“Иёлоти Муттаҳида омода аст, дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои дастгирии истиқлолият, амният ва нақши он дар суботи минтақавӣ саҳм гузорад, – омадааст дар хабар. – Ин кӯшишҳо нақши асосиро, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм мебозанд, мусоидат мекунанд”.

Зикр мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида тули 27 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва тавассути барномаҳои дастгирӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният беш аз 1,9 миллиард доллари ИМА кӯмак расонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.