Нилуфар Раҷабова: Ноадолатӣ маро водошт, ки ба Озода Раҳмон нависам

Нилуфар Раҷабова – зане, ки 14-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд ва бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш кардааст, барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд. Нусхаи ин мактубро Нилуфар Раҷабова ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни […]

Asia-Plus

Нилуфар Раҷабова – зане, ки 14-уми декабри соли гузашта барои пӯшидани ҳиҷоб боздошт гардида буд ва бо иттиҳоми ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (майдаавбошӣ) 550 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд, ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш кардааст, барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Нусхаи ин мактубро Нилуфар Раҷабова ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфт, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

“Дигар чорае надоштам ва намедонистам, ба кӣ муроҷиат намоям. Ба ҳар мақомоте, ки шикоят карда будам, хомӯшанд ва ба қазияи ман ҷиддан кор намегиранд. Аз боздошти ман дар ШВКД-и ноҳияи Сино як моҳ сипарӣ шуд, аммо то ҳол телефони маро барнагардонданд. Ҳама хомӯширо интихоб карданд. Барои ноадолатиҳо нисбат ба ман, яъне ҷаримабандӣ шуданам адвокат гирифтам ва бо мусоидати ӯ ба Суди касатсионӣ ариза навиштам. Ду ҳафта гузашт, аммо боз ҳам хомӯшӣ. Илоҷи дигар надорам ва умедворам, ки Озода Раҳмон мактуби маро мехонад”, – афзуд ӯ.

Нилуфар Раҷабова дар ин номаи кушод худро “як модари ҷафокашида ва озордида” меномад ва ба Озода Раҳмон на ба ҳайси роҳбари дастгоҳ, балки ҳамчун як зан ва модар муроҷиат мекунад.

Ӯ дар номаи кушоди худ аз ҷумла навиштааст: “Хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане … поймол шавад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.