Тоҷикистон ба таъмини амрикоиҳо бо маҳсулоти консервашуда оғоз кард

Соли гузашта содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун густариш ёфт. Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар медиҳад, соли 2019  бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории кишвар  маҳсулоти консервашудаи «Пиёзи анзур», «Ғураоб» ба ИМА, хушкмеваи «Тут» ба Туркия, нӯшобаи «Хуч» ва афшураи «Зардолу» ба Литва, оби маъдании «Хаватаг», оби ошомидании «Оби Зулол» […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта содироти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун густариш ёфт.

Тавре Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ хабар медиҳад, соли 2019  бори нахуст дар таърихи саноати хӯроквории кишвар  маҳсулоти консервашудаи «Пиёзи анзур», «Ғураоб» ба ИМА, хушкмеваи «Тут» ба Туркия, нӯшобаи «Хуч» ва афшураи «Зардолу» ба Литва, оби маъдании «Хаватаг», оби ошомидании «Оби Зулол» ва «Сиёма» ба Озарбойҷон ва Амороти Муттаҳидаи Араб содирот карда шуд.

Гуфта мешавад, соли гузашта дар муқоиса бо соли 2018 ҳаҷми содироти орд аз Тоҷикистон 3 баробар (то 3,1 ҳазор тонна), нӯшокиҳои ғайриспиртӣ – 2,5 баробар (то 4,4 ҳазор тонна), шарбати меваю сабзавот – 95% (то 140 тонна), намак – 85% (то 2,3 ҳазор тонна) ва маснуоти қаннодӣ – 30% (то 484 ҳазор тонна) афзуд.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, соли 2019 корхонаҳои саноати хӯроквории ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 5,3 млрд. сомонӣ (545 млн. доллар) маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2018 ба миқдори 9,2% ё худ 452 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Соли гузашта ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар – 19,5% ва дар саноати коркард – 33,7%-ро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.