Душанбе ва Бишкек масъалаи ивази қитъаҳои наздимарзиро баррасӣ мекунанд

Ҷонибҳо ният доранд, ки дар қаламрави наздисарҳадӣ қитъаҳоеро муайян созанд, ки дар шакли “катакҳои шоҳмотӣ” ҷойгиранд. Дар шаҳри Бишкек имрӯз, 22-юми январ ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадоти давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки аз ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ҳалли […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҷонибҳо ният доранд, ки дар қаламрави наздисарҳадӣ қитъаҳоеро муайян созанд, ки дар шакли “катакҳои шоҳмотӣ” ҷойгиранд.

Дар шаҳри Бишкек имрӯз, 22-юми январ ҷаласаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадоти давлатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ки аз ҷараёни гуфтушунидҳо оид ба ҳалли мушкилоти марзӣ огаҳ аст.

Ба гуфтаи ӯ, назди гурӯҳҳои кории иборат аз геодезистҳо, дипломатҳо, намояндагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҳуқуқшиносон вазифаи мушаххас гузошта шудааст, ки то 1-уми марти соли 2020 дар бораи ивази қаламравҳо дар қитъаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодот таҳия кунанд.

“Масъалаи ивази қаламравҳо дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади байни ду кишвар муддати тӯлонӣ баррасӣ гардида, вариантҳои гуногун пешниҳод шуданд, – қайд кард манбаъ. –  Соли гузашта танҳо аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 60 варианти ивази қаламравҳо пешниҳод гардид”.

Таъкид шуд, ки имрӯз коршиносон масъалаи ивази қитъаҳоро дар деҳаҳои Оқ-Сой ва Самарқандек баррасӣ мекунанд, ки дар қитъаи сарҳади давлатӣ байни шаҳри Исфара ва Ботканд воқеъ аст.

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз суҳбати телефонии сарони кишварҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков рӯзи 13-уми январ дар масъалаи ҳалли мушкилоти марбут ба қитъаҳои баҳсноки сарҳад пешравиҳо ба назар мерасанд.

Зимни гуфтугӯ сарони кишварҳо ба вазъ дар минтақаҳои наздимарзии кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, аҳаммияти идомаи муколамаи дуҷонибаро доир ба пешрафтҳо дар ҷараёни гуфтушунид оид ба сарҳад таъкид доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков он замон дар бораи фаъолсозии ҷараёни вохӯриҳо ва суръатбахшӣ ба фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бо мақсади роҳ надодан ва пешгирии шиддатёбии вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ созиш ҳосил карданд.

Ба Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.