Дар Душанбе ҳисобкунакҳои нави барқ насб мешаванд

Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи озмоишӣ оид ба насби ҳисобкунакҳои барқ, ки аз рӯйи усули биллинг кор мекунанд, амалӣ мешавад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати ҶТ ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар […]

Дар шаҳри Душанбе лоиҳаи озмоишӣ оид ба насби ҳисобкунакҳои барқ, ки аз рӯйи усули биллинг кор мекунанд, амалӣ мешавад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати ҶТ ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Зимни шарҳи масъала ба вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода хабар дод, ки се ширкати дар мазкур муддати 5 соли наздик ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд.

Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.

Амалисозии лоиҳа соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуда, зимнан 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб хоҳанд шуд.

Ҳисобкунакҳои нави барқ дар манзилҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешавад!

Зикр шудааст, ки пас аз амалисозии лоиҳа талафоти техникии нерӯи барқ дар шабакаҳои шаҳр аз 19%-и ҳозира то ба 12% поин меравад.

Ҳамзамон ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ аз 81%-и ҳозира то ба сатҳи 99% боло меравад.

“Пас аз анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шабакаҳо, афзоиши ҷамъоварии пули барқ, ҳамчунин кам кардани шумори нозирон маблағҳои ба лоиҳа сарфкардаашонро бо фоизҳояш пурра бармегардонанд”, – гуфтааст Фаррух Ҳамрализода.

Дар навбати худ ҳукумати Тоҷикистон дар давраи амалисозии лоиҳа сармоягузоронро аз пардохти андоз ба арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.