Тоҷикистон барои рушди деҳоти Хатлону ВМКБ $30 млн. грант мегирад

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди иқтисоди деҳоти кишвар 30 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Грант аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо мешавад. Тавре котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, Созишномаи грантиро оид ба маблағгузории лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ҳафтаи гузашта дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди иқтисоди деҳоти кишвар 30 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

Грант аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ҷудо мешавад.

Тавре котиботи Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, Созишномаи грантиро оид ба маблағгузории лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ҳафтаи гузашта дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс имзо карданд.

Гуфта мешавад, мақсади татбиқи лоиҳа фароҳам овардани имконоти нави иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти Хатлон ва ВМКБ тавассути рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва агробизнес мебошад.

Дар доираи лоиҳа корҳои таъмиру таҷдид ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ВМКБ, инчунин қалъаи Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мавзеи Чилучорчашма дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Аз ҳисоби ин маблағ беҳсозии инфрасохтор ва мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳолати бозорҳои кишоварзии маҳаллӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Зикр мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур аз аввали соли 2020 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.