Сафи соҳибкорони инфиродӣ зиёду ширкатҳои хусусӣ кам мешавад

Соли 2019 наздики 26 ҳазор субъекти соҳибкорӣ барҳам дода шуданд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ,1,4 ҳазор ширкат ва 24,4 ҳазор соҳибкор тиҷорати худро қатъ карданд. Дар баробари ин соли гузашта беш аз 36 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1,1 ҳазор ширкати нави хусусӣ ва […]

Соли 2019 наздики 26 ҳазор субъекти соҳибкорӣ барҳам дода шуданд. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ,1,4 ҳазор ширкат ва 24,4 ҳазор соҳибкор тиҷорати худро қатъ карданд.

Дар баробари ин соли гузашта беш аз 36 ҳазор субъекти нави хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, 1,1 ҳазор ширкати нави хусусӣ ва 35,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба кор оғоз карданд.

Ҳамин тариқ, давоми сол шумори умумии субъектҳои хоҷагидории амалкунанда беш аз 10 ҳазор адад афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, шумори ширкатҳои хусусӣ 245 адад кам шуда, теъдоди соҳибкорони инфиродӣ баръакс 10,8 ҳазор нафар зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, айни замон дар ҷумҳурӣ беш аз 330 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.