Аввали феврал Котиби давлатии ИМА бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вомехӯрад

Вохӯрии Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аввали моҳи феврал дар Тошканд баргузор мешавад. Тавре хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад, Майкл Помпео рӯзҳои 2-3 феврал ба Ӯзбекистон меояд. Пеш аз сафар ба Ӯзбекистон Помпео аз Украина, Беларус ва Қазоқистон боздид карда, бо сарони ин давлатҳо дидору гуфтушунид […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вохӯрии Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аввали моҳи феврал дар Тошканд баргузор мешавад.

Тавре хадамоти матбуоти Департаменти давлатии ИМА хабар медиҳад, Майкл Помпео рӯзҳои 2-3 феврал ба Ӯзбекистон меояд.

Пеш аз сафар ба Ӯзбекистон Помпео аз Украина, Беларус ва Қазоқистон боздид карда, бо сарони ин давлатҳо дидору гуфтушунид мекунад.

Дар доираи сафар ба Тошканд роҳбари идораи сиёсати хориҷии ИМА бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов вомехӯрад.

Дар ин шаҳр Помпео ҳамчунин дар машварати вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – ИМА” («С5+1») бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карда, дар ҷараёни он рушди минтақаро мутобиқи дурнамои нави ИМА дар Осиёи Марказӣ баррасӣ карданист.

Ёдрас мекунем, ки Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео бояд моҳи январ ба Ӯзбекистон сафар мекард. Аммо бинобар сабаби шиддат гирфтани вазъ дар Ховари Миёна сафараш ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.