Медали нуқраи футболбозони навраси тоҷик дар мусобиқаи «Ҷоми Рушд-2020»

Бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Рушд-2020» (Кубок Развития-2020) байни мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи мизбон – мунтахаби Беларус дар Минск дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5 бар 4 (вақти асосӣ – 2:2) ба фоидаи футболбозони Беларус анҷом пазируфт. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 8 дастаи мунтахаби наврасон иштирок […]

Бозии финалии мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Рушд-2020» (Кубок Развития-2020) байни мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва дастаи мизбон мунтахаби Беларус дар Минск дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 5 бар 4 (вақти асосӣ 2:2) ба фоидаи футболбозони Беларус анҷом пазируфт.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 8 дастаи мунтахаби наврасон иштирок карданд.

Гуфта мешавад, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Суннатулло Азизов, ки дар чаҳор бозӣ 3 гол задааст, ҳамлагари беҳтарини мусобиқа дониста шуд.

Иштирок дар мусобиқаи «Ҷоми Рушд-2020» яке аз марҳилаҳои омодагӣ барои мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ҷиҳати иштирок дар даври финалии мусобиқаи Чемпионати Осиё-2020 мебошад, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.