Душанбе ва Тошканд татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-ро дар дарёи Зарафшон баррасӣ мекунанд

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода ба баррасии ҷузъиёти амалисозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Ёвон” дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнӣ оғоз кард. Дар ин бора маркази матбуоти ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" хабар медиҳад. Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид сарвари Раёсати ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Ҷамшед Шоимзода ба баррасии ҷузъиёти амалисозии лоиҳаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Ёвон” дар дарёи Зарафшон дар қаламрави ноҳияи Айнӣ оғоз кард. Дар ин бора маркази матбуоти ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" хабар медиҳад.

Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид сарвари Раёсати ҶС "Ӯзбекгидроэнерго" Абдуғанӣ Сангинов роҳбарӣ мекунад.

Имрӯз, 29-уми январ ҷонибҳо ният доранд, ки масоили техникӣ ва молиявии амалисозии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳро баррасӣ кунанд.

Гуфта мешавад, мувофиқи нақшаи дуҷониба, нахуст НБО “Ёвон” бо арзиши 282 млн. доллар, иқтидори 140 МВт ва истеҳсоли 700-800 млн. кВт/соат нерӯи барқ сохта шуда, ҷонибҳо дар марҳилаи баъдӣ имкони бунёди НБО дар рӯдхонаи Фондарёро баррасӣ мекунанд. Маблағи сохтмони он 270 млн. доллар бо иқтидори 135 МВт ва истеҳсоли 500-600 млн. кВт/соат нерӯи барқ арзёбӣ шудааст.

Нерӯгоҳҳои барқии обии бунёдмешуда то 1400 млн. кВт/соат нерӯи аз лиҳози экологӣ тозаро танҳо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти Ӯзбекистон истеҳсол хоҳанд кард.

Ҷониби Тоҷикистон қайд кардааст, ки “вохӯрии мазкур қадами аввалин дар самти амалисозии лоиҳа буда, иродаи сарони ҳар ду кишварро таҷассум мекунад”.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2018 аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон дар Тоҷикистон изҳори назар карданд.

Он замон зикр гардида буд, ки “ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои таҳияшудае дорад, ки аз арзёбии фанниву иқтисодии ҷавобгӯйи меъёрҳои байнулмилалии бонкҳои бузург гузаштаанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.