Нияти ҷалби сармоягузории муҳоҷирон баҳри рушди вилояти Хатлон

Раҳбарияти вилояти Хатлон ният дорад, ки то охири сол дар Маскав бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Русия ҳамоиши “Имконоти сармоягузории вилояти Хатлон”-ро баргузор кунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти сарварии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов бо соҳибкорони тоҷик ва роҳбарони […]

Раҳбарияти вилояти Хатлон ният дорад, ки то охири сол дар Маскав бо иштироки соҳибкорони Тоҷикистону Русия ҳамоиши “Имконоти сармоягузории вилояти Хатлон”-ро баргузор кунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, дар намояндагии дипломатии ҷумҳурӣ вохӯрии намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти сарварии муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов бо соҳибкорони тоҷик ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар, роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва барқарор кардани робитаҳои мустақими корӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Русия мебошад.

Зимни вохӯрӣ ба ҳозирин имкониятҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон барои амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ муаррифӣ шуданд.

Раҷабалӣ Раҷабов зарурати рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро бо соҳибкорони Русия ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои муштарак таъкид кард, ки ба рушди хоҷагии халқи минтақаи Хатлон, инчунин таъсиси корхонаҳои хурду миёна равона мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.