Пурзӯр шудани назорат дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон бо сабаби хуруҷи коронавирус

Дар Тоҷикистон ба пешгирии хатари ворид шудани коронавирус аз Чин ҷиддан омода мешаванд. Дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷ амал карда, табибон бо сарулибоси муҳофизатӣ навбатдорӣ мекунанд. “Дар фурудгоҳи Хуҷанд низ назорат пурзӯр шуд, – гуфт муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода. – Мутобиқи қоидаҳои вогирию беҳдоштии байнулмилалӣ имрӯз мо пурра омодаем”. Дар бунгоҳи тиббии фурудгоҳ капсулаи изолятсионӣ […]

Баҳриддин Давлатов, Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба пешгирии хатари ворид шудани коронавирус аз Чин ҷиддан омода мешаванд. Дар фурудгоҳи Душанбе дастгоҳҳои ҳароратсанҷ амал карда, табибон бо сарулибоси муҳофизатӣ навбатдорӣ мекунанд.

“Дар фурудгоҳи Хуҷанд низ назорат пурзӯр шуд, – гуфт муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода. – Мутобиқи қоидаҳои вогирию беҳдоштии байнулмилалӣ имрӯз мо пурра омодаем”.

Дар бунгоҳи тиббии фурудгоҳ капсулаи изолятсионӣ тайёр кардаанд, ки дар онҳо гирифторони эҳтимолии вирусро ҷо мекунанд. Пас аз муоинаи аввал бемор ба ихтиёри Беморхонаи клиникии шаҳрии сироятӣ дода мешавад.

Палатаҳо дар қисмати ҷудошуда (изолятсионӣ)-и беморхона, ки ба он рӯзноманигорони “Азия-Плюс”-ро роҳ доданд, холианд. Ба гуфтаи муовини сардухтур Тӯрахон Шарифзода, ин ҷо дар як вақт наздики 300 нафарро ҷудо аз ҳамдигар нигоҳ дошта метавонанд, лекин ҳолатҳои бистарӣ шудан аз сирояти коронавирус то ҳол ба қайд гирифта нашудааст.

“Донишҷӯёне муроҷиат карда буданд, ки дар Чин таҳсил мекунанду ин ҷо дар таътиланд. Мо онҳоро муоинаву ташхис карда, бо сабаби ошкор нашудани аломатҳои беморӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додем”, – изҳор дошт муовини сардухтур.

Чӣ гуна муоина шудани мусофирон ва шароит дар беморхонаҳо дар гузориши видеоии мо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.