Маблағи аз собиқ роҳбари “Умед-88” баргардонида ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд

Судиҷрочиён 56,3 млн сомонӣ қарзи Раҷабалӣ Одинаев, собиқ роҳбари ширкати “Умед-88”-ро баргардониданд: ин маблағ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд. Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Суди олӣ зиёни аз ҷониби Раҷабалӣ Одинаев расонида ба буҷети кишварро дар маҷмӯъ 171 млн сомонӣ муайян кард. […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Судиҷрочиён 56,3 млн сомонӣ қарзи Раҷабалӣ Одинаев, собиқ роҳбари ширкати “Умед-88”-ро баргардониданд: ин маблағ ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун равона шуд.

Илёс Идрисзода, сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки Суди олӣ зиёни аз ҷониби Раҷабалӣ Одинаев расонида ба буҷети кишварро дар маҷмӯъ 171 млн сомонӣ муайян кард.

“Аз ин миқдор 56,3 млн сомонӣ (тақрибан 5,7 млн доллар) тариқи пули нақд, амволи манқул ва ғайриманқул баргардонида шуда, судиҷрочиён дар талошанд, ки маблағи боқимондаи қарзро баргардонанд”, – қайд кард Идрисзода.

Ёдрас мекунем, ки раҳбарияти ширкати «Умед-88» моҳи октябри соли 2017 дарҳол баъди интиқоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.

Он замон зимни суханронӣ Президенти Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки «вазорати молия бо тарзҳои нофаҳмо ба ширкати «Умед-88» аз буҷети давлатӣ 170 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо карда, ин ширкат муддати 4 сол аст, ки маблағҳоро ба давлат баргардонида наметавонад”.

Суди олӣ Раҷабалӣ Одинаевро мутобиқи моддаҳои 247 (Қаллобӣ), 289 (Қочоқ), 292 (Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Директори ширкат Идибек Ибрагимов ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард, ки минбаъд дар зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ фурӯхта мешуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.