Таъсиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Малайзия вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишвар, аз ҷумла, таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои […]

Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби сафари расмӣ ба Малайзия вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишвар, аз ҷумла, таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ба таҳкиму густариши муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина иброз шуд, ки дар фурсати наздик Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия таъсис дода мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин бо муовини сарвазири  Малайзия Дато Сери Ван Азизаҳ бинти Ван Исмоил вохӯрд. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории густурда байни ду кишвар ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули афкор сурат пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба шоҳи Малайзия ва даъватномаи сарвазири Тоҷикистон ба сарвазири Малайзияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байнулмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байнулмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни 2020 дар Душанбе баргузор мешавад, ба мусоҳиби худ супорид.

Дар ҷараёни вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Дар Куала-Лумпур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон инчунин бо донишҷӯёни тоҷики муқими ин кишвар мулоқот карда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун мутахассиони дорои маълумоти сатҳи байнулмилалӣ дар пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.