Дар занозании оммавӣ дар вилояти Маскав 2 тоҷикистонӣ ҷароҳати вазнин гирифтанд

Бар асари ҷанҷолу занозании дастаҷамъона дар вилояти Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар ин бора «Телеканал 360» хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ҳамла нимаи шаб дар назди қаҳвахонаи “Звездочка” дар Сергиев Посад сурат гирифтааст. “Чанд нафар шахсони номаълум назди автомобил омаданд. Ин замон дар дохили мошин 2 кас қарор доштанд, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бар асари ҷанҷолу занозании дастаҷамъона дар вилояти Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Дар ин бора «Телеканал 360» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамла нимаи шаб дар назди қаҳвахонаи “Звездочка” дар Сергиев Посад сурат гирифтааст.

“Чанд нафар шахсони номаълум назди автомобил омаданд. Ин замон дар дохили мошин 2 кас қарор доштанд, ки яке 24 ва дигарӣ 30 сол доштанд. Ҳамлагарон ба сӯйи автомашина оташ кушода, сипас шахсони дар он қарордоштаро берун кашиданд ва ба лату кӯби онҳо пардохтанд. Ғайр аз силоҳи оташфишон, онҳо аз силоҳи сард низ истифода карданд, ки бар асари он ҷабрдидагон аз захмҳои корд ҷароҳатҳои зиёд гирифтанд. Онҳо бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шуданд. Боздошти ҷинояткорон алҳол муяссар нашудааст”, – зикр мешавад дар гузориши «Телеканал 360».

Як манбаи «Комсомольская правда» гуфтааст, муноқиша нахуст дар қаҳвахонаи “Звездочка” сар зада, сипас байни ду гурӯҳи мардон ҷанҷолу занозанӣ оғоз мешавад, ки дар берун бо чунин натиҷа анҷом меёбад.

Дар Сарраёсати минтақавии ВКД далели рух додани ин ҳодисаро тасдиқ карда, ҳамчунин хабар додаанд, ки аз он 2 нафар осеб дидаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

“Аз рӯйи ин далел кормандони пулис санҷиш гузаронида, ҳамчунин шахсияти иштирокчиёни муноқиша муайян карда мешавад. Бар асоси маводи ҷамъоваришуда чораи минбаъдаи таҳқиқи ҳодиса қабул мешавад”, – менависад хабаргузорӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.