Боздошти 2 тоҷикистонӣ дар Литва ба гумони интиқоли мошинҳои рабудашуда ба Тоҷикистон

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Литва ба гумони интиқоли мошинҳои рабудашуда боздошт карданд. Тавре мақомоти пулиси шаҳри Мариямполе хабар медиҳад, ба яке аз дастгиршудагон суд ҷазои ҳабс таъин кардааст. “Ҳамагӣ дар муддати якчанд рӯз 86 мошин бо рақамҳои шубҳаноки қалбакии ташхисотӣ ва шояд як автомашинаи дуздидашуда ошкор шуд. Ду гумонбар – шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба яке аз […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Литва ба гумони интиқоли мошинҳои рабудашуда боздошт карданд.

Тавре мақомоти пулиси шаҳри Мариямполе хабар медиҳад, ба яке аз дастгиршудагон суд ҷазои ҳабс таъин кардааст.

“Ҳамагӣ дар муддати якчанд рӯз 86 мошин бо рақамҳои шубҳаноки қалбакии ташхисотӣ ва шояд як автомашинаи дуздидашуда ошкор шуд. Ду гумонбар – шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба яке аз онҳо додгоҳ ҷазои ҳабс таъин кард. Дар ҷараёни кофтуков 70 адад шаҳодатномаи шояд қалбакӣ дар бораи бақайдгирии мошинҳои гуногун ва дигар маълумоти тасдиқкунандаи содиршавии ҷиноят дарёфт шуд”, – хабар додааст саҳифаи пулиси Мариямполе дар Facebook.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти пулис, ин мошинҳоро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ будаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Литва, нуқтаи ниҳоии аксари мошинҳои рабудашуда Тоҷикистон мебошад. Тибқи маълуомти ВАО-и хориҷӣ, Тоҷикистон ҳарчи бештар макони ҷолиб барои дуздони мошинҳост, чунки дар ин ҷо зерсохтори санҷиши қонунӣ будани чунин воситаҳои нақлиёт вуҷуд надорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.