Афзоиши яксони ҳосилу нархи сабзавоти гармхонаҳо дар Тоҷикистон

Дар мавсими зимистони имсола то моҳи феврали соли равон дар гармхонаҳои Тоҷикистон наздики 400 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки беш аз 255 тоннашро помидор ва 60 тоннаашро бодиринг ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Айни замон дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 82,6 гектар гармхонаҳои доимо амалкунанда фаъолият доранд, ки нисбат ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мавсими зимистони имсола то моҳи феврали соли равон дар гармхонаҳои Тоҷикистон наздики 400 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки беш аз 255 тоннашро помидор ва 60 тоннаашро бодиринг ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Айни замон дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 82,6 гектар гармхонаҳои доимо амалкунанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12,6 гектар зиёдтар аст.

Дар қисмати зиёди (48 га) майдони гармхонаҳо навъҳои тезпазаки помидор , дар ҳудуди 21 га – бодиринг ва 13,6 га – қаланфур, бодинҷон, дигар навъи сабзавоту кабудӣ парвариш карда мешавад.

Тавре Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нуқтаҳои асосии фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли гузашта имсол нархи сабзавоти гармхонаҳо каме баландтаранд. Кишоварзон инро ба болоравии нархи барқ ва хизматрасонии нақлиёт, ки ба афзоиши хароҷоти онҳо боис шудааст, нисбат медиҳанд.

Имрӯз дар бозорҳои кишвар 1 кило помидору бодиринг ҳар кадоме бо нархи 18-20 сомонӣ (соли гузашта – 16-18 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Арзиши сабзавоти гармхонаҳо дар Тоҷикистон яке аз баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ боқӣ мемонад.

Масалан, нархи помидори гармхона дар Русия ба ҳисоби миёна 2 доллар барои 1 кило, Украина – 1,32 доллар, Гурҷистон, Молдова, Қзоқистон ва Ӯзбекистон – ҳудуди 1,2-1,3 долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.