Назорати ширкатҳои мусофиркашонӣ пурзӯр мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Кодекси нақлиёти автомобилиро якдилона дастгирӣ кард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар назди вакилон қайд кард, ки кодекс ба беҳбуди хизматрасонӣ ба мусофирон ва боркашонӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар равона шудааст. Тибқи меъёрҳои қабулшудаи кодекс, ҳамаи ширкатҳои машғул ба мусофиркашонӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 12-уми феврал лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Кодекси нақлиёти автомобилиро якдилона дастгирӣ кард.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода зимни суханронӣ дар назди вакилон қайд кард, ки кодекс ба беҳбуди хизматрасонӣ ба мусофирон ва боркашонӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ дар кишвар равона шудааст.

Тибқи меъёрҳои қабулшудаи кодекс, ҳамаи ширкатҳои машғул ба мусофиркашонӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ минбаъд бояд манфиатҳои маъюбон ва одамони нотавонро ба инобат гиранд: ҳамаи автомобилҳо бояд бо воситаҳои нишастан ва фаромадани шахсони имконияташон маҳдуд муҷаҳҳаз карда шаванд. Ба бинокорони истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ чунин талабот гузошта шудааст.

Вазири нақлиёт изҳор дошт, ки ҳукумат нуфузи корӣ ва салоҳиятнокии ширкатҳои мусофиркашониро мунтазам пайгирӣ мекунад. Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои кодекси мазкур, иҷозатномаҳои чунин ширкатҳо фавран бозхонд мешаванд.

Худоёр Худоёрзода таъкид дошт, ки кодекс дар кори ҳамлу нақли борҳои хатарнок, зудвайроншаванда ва бузургҳаҷм низ тартибот ҷорӣ мекунад.

Дар посух ба суоли вакилон бобати мусоидати кодекс ба ҷорӣ шудани тартибот дар кори нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе вазир қайд кард, ки чунин тартибот ҷорӣ мешавад, аммо на ба зудӣ ва дар як лаҳза.

“Барои пурра мавриди амал қарор гирифтани меъёрҳои кодекс моро зарур аст, ки боз даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастуру муқаррарот қабул кунем”, – таъкид кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки айни замон танҳо дар шаҳри Душанбе 11 ширкат ба мусофиркашонии такси машғуланд ва на ҳамаи онҳо ба қоидаву меъёрҳои кодекс ҷавобгӯянд.

“Барои мо ҳоло вақт лозим аст, то кодекс мавриди амал қарор гирад”, – гуфт вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.