Президенти Қирғизистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода эътимодномаи худро ба президенти ин кишвар Сооронбай Жээнбеков супорид. Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ хабар додааст, ки сафири Тоҷикистон ба Сооронбай Жээнбеков дуруду паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Гуфта мешавад, президенти Қирғизистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода эътимодномаи худро ба президенти ин кишвар Сооронбай Жээнбеков супорид.

Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ ҶТ хабар додааст, ки сафири Тоҷикистон ба Сооронбай Жээнбеков дуруду паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Гуфта мешавад, президенти Қирғизистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, бо сафири Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳадоти муштараки ду кишвар баррасӣ шуда, муҳим будани суръат бахшидан ба ин раванд бо назардошти манфиати ҷонибҳо таъкид шудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 15-уми феврал дар Бишкек баргузории марҳилаи навбатии гуфтушуниди ҳукуматҳои ду кишвар оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатӣ пешбинӣ гардида буд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, алҳол баргузор шудан ё нашудани ин гуфтушунид маълум нест.

Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби иваз шудани муовини сарвазири Қирғизистон, ки ба ҳалли масоили сарҳад бо Тоҷикистон масъул буд, ба гумони ғолиб, гуфтушунид мавқуф гузошта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.