Дар Чин боз 121 нафар аз COVID-19 фавтиданд

Шабонарӯзи гузашта аз гирифторӣ ба бемории коронавируси COVID-19 дар Чин 121 нафар фавтиданд. Тавре хабаргузории РБК бо истинод ба Комиссияи миллии тандурустии Чин иттилоъ медиҳад, шумори умумии фавтидагон дар кишвар аз ин вирус ба 1380 нафар расидааст. Тибқи маълумоти Комиссия, теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ 63851 нафарро ташкил дода, давоми як шабонарӯз ба миқдори 5090 кас афзудааст. […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта аз гирифторӣ ба бемории коронавируси COVID-19 дар Чин 121 нафар фавтиданд.

Тавре хабаргузории РБК бо истинод ба Комиссияи миллии тандурустии Чин иттилоъ медиҳад, шумори умумии фавтидагон дар кишвар аз ин вирус ба 1380 нафар расидааст.

Тибқи маълумоти Комиссия, теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ 63851 нафарро ташкил дода, давоми як шабонарӯз ба миқдори 5090 кас афзудааст. 6723 нафар муолиҷаву аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд. 10204 кас дар ҳолати вазнин қарор дошта, боз 177 ҳазор нафари дигар, ки бо гирифторони беморӣ алоқа доштанд, зери муоинаи табибон мебошанд.

Дар Гонконг 53 ҳодисаи сироятёбӣ (1 нафар ҳалок шудааст), Тайван – 18 ва Макао – 10 ҳодисаи сироятёбӣ аз вирус ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи арзёбии SCMP, шумори гирифторони беморӣ аз коронавируси нав дар саросари дунё 64434 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 248 ҳолат дар Ҷопон, 58 – дар Сингапур, 33 – дар Таиланд ва 28 ҳолат – дар Кореяи Ҷанубӣ сабт шудааст. Тавре шабакаи телевизионии CGTN хабар медиҳад, дар берун аз ҳудуди Чин ҳамагӣ 505 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

Мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Айра Лонҷини аз эҳтимол дур намедонад, ки коронавирус аз се ду ҳиссаи аҳолии Заминро фаро гирифта метавонад. Коршинос ба маълумоте такя мекунад, ки мувофиқи он ҳар як нафари аз вирус сироятёфта метавонад онро ба ду-се каси дигар гузаронад. Дар ҳамин ҳол, ӯ ишора кардааст, ки айни замон пайгирии ҷараёни паҳншавии ангезандаи ин беморӣ душвор аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.