Оғози фурӯши доруи имконпазир аз коронавирус дар Чин

Date:

Яке аз ширкатҳои маъруфи дорусозии Zhejiang Hisun Pharmaceutical-и Чин хабар дод, ки барои оғози фурӯши доруи зиддивирусии «Фавипиравир» (Favipiravir) – давои имконпазир аз сирояти коронавируси Covid-19 иҷозатнома гирифтааст. Дар ин бора Медуза иттилоъ медиҳад.

Тавре Reuters менависад, баъди ба фурӯш баровардани дору, ширкат ба озмоишҳои клиникии он идома медиҳад.

Дар Вазорати илм ва техникаи Чин хабар додаанд, ки дар озмоишҳои клиникии «Фавипиравир» 70 нафар иштирок карда, ин дору “таъсирбахшии нисбатан возеҳ” нишон додааст.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейесус рӯзи 11-уми феврал изҳор доштааст, ки барои омодасозии ваксина аз сирояти коронавируси Covid-19 наздики якуним сол вақт лозим аст.

Тибқи маълумоти охир, аз сирояти коронавирус беш аз 1600 нафар фавтиданд. Рӯзи 16-уми феврал аввалин ҳодисаи марг аз коронавирус дар Тайван ба қайд гирифта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...