Бузургтарин ҳавопаймои мусофирбари ҷаҳон дар фурудгоҳи Лондон “муаллақ монд”

Date:

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати Etihad Airways, ки аз Абу-Даби ба Лондон парвоз мекард, бар асари авҷ гирифтани тӯфони “Деннис” дар хатти нишасти фурудгоҳи Хитроуи Лондон дар ҳаво “муаалақ монд”. Тавре Медуза иттилоъ медиҳад, навори видеои фуруд омадани ҳавопаймо дар шабакаи SpeedbirdTV нашр шудааст.  

Дар сабти видео дида мешавад, ки ба асари шамоли сахт ҳавопаймо якчанд сония гӯё дар хатти нишаст овезон монда, рост фуруд намеояд. Дар бораи осебдидагон ҳангоми нишасти ҳавопаймо маълумот дода намешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ин ҳодиса рӯзи 15-уми феврал бо ҳавопаймои тамғаи Airbus A380 рух додааст. Он бузургтарин ҳавопаймои мусофирбар дар ҷаҳон мебошад, ки вазни ҳадди ниҳоияш ҳангоми фурудоӣ 394 тоннаро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...