Муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 12-уми бино ба замин афтод

Дар як майдони сохтмон дар шаҳри Архангелски Русия шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 12-уми бино ба замин афтод. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти вилояти Архангелск хабар медиҳад. Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти тафтишоти вилоят ва Ҳавзаи мухтори Ненетск санҷиши пешазтафтишотӣ гузаронида мешавад. […]

Дар як майдони сохтмон дар шаҳри Архангелски Русия шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон аз ошёнаи 12-уми бино ба замин афтод. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти вилояти Архангелск хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта мард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти тафтишоти вилоят ва Ҳавзаи мухтори Ненетск санҷиши пешазтафтишотӣ гузаронида мешавад.

Ба ҷуз шаҳрванди Тоҷикистон будани ин марди фавтида, дар бораи шахсияти ӯ маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки тафтишот тамоми ҷузъиёти ҳолатҳои рух додани ҳодисаро муайян карда, то кадом андоза риоя шудани қоидаҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ин сохтмон таҳқиқ мекунад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 966 ва соли 2017 – 873 ҷасади шаҳрвандони ҷумҳурӣ интиқол дода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.