Боздошти 3 сокини Душанбе барои дуздии амволи тоҷири Чин

Date:

Дар Душанбе 3 нафар мардон шаҳрванди Чинро ғорат кардаанд. Маълумот дар бораи амволро бо маслиҳати пешакӣ онҳо аз муҳофизи корхонаи мазкур, марди 60-солаи сокини ноҳияи Темурмалик гирифтаанд.

Тибқи иттилои ВКД, шаҳрванди 30-солаи Чин, ки муваққатан дар пойтахти Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад, ба мақомоти милитсия муроҷиат карда, дар бораи дуздии амволаш хабар додааст.

Шаби 16 ба 17-уми феврал шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонааш даромада, аз он ҷо ба маблағи умумии 8 ҳазору 800 сомонӣ 8 адад телевизори тамғаи «Ясин»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ҷиноят мардони 24, 26 ва 46-сола, сокинони кӯчаи Айнии пойтахтро боздошт кардаанд, ки як нафарашон қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) суд шудааст.  

Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...