Сироҷиддин Муҳриддин: Изҳороти генерал Навҷувонов фикри шахсии ӯст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор медорад, ки изҳороти сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов фикри шахсии ӯст ва бозгӯйи мавқеи ҷумҳурӣ нест. Генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов қаблан зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғиз набуд”. Вай аз собиқаи пайдоиши мушкилоти сарҳадӣ чунин ёдовар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳор медорад, ки изҳороти сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов фикри шахсии ӯст ва бозгӯйи мавқеи ҷумҳурӣ нест.

Генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов қаблан зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки “агар таърихро варақ занем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғиз набуд”.

Вай аз собиқаи пайдоиши мушкилоти сарҳадӣ чунин ёдовар шуд: “Инро барои мо гузаштагон мерос монданд. Шумо таърихро бардоред, Бодканд ягон бор қирғизнишин набудааст. Қирғизро оварда, замин додем, ҷой додем, имрӯз барои мо проблема шудааст”.

Пас аз ин изҳорот Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализодаро ба суҳбат даъват кард.

“Ин фикри шахсии генерал Навҷувонов аст. Ӯ дар ягон ҷаласаи расмӣ онро изҳор накардааст, ки ҳамчун мавқеи расмии Тоҷикистон қабул карда шавад”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ.

“Мавқеи расмии мо оид ба кулли масъалаҳои сарҳад дар ҷаласаҳои комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар қайд мегардад. Дар бораи мавқеи расмии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои байниҳукуматӣ муовини сарвазири кишвар, ки ҳамраиси комиссияи муштарак аст, инчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳорот карда метавонанд”, – таъкид дошт вазир.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки таърихи заминҳои ҳар ду ҷонибро таърихшиносону бостоншиносони мо омӯхтаанд.

“Сарфи назар аз қарордодҳо дар сатҳи олӣ, шахсони ҷудогона дар Қирғизистон низ изҳороти зидду нақиз медиҳанд. Таърихи ин заминҳоро таърихшиносон ва бостоншиносони Академияи илмҳои Тоҷикистон медонанд. Онҳо таърихи ҳар як мавзеъи сарҳадии ҳам кишвари мо ва ҳам Қирғизистонро медонанд”, – афзуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.