Омодагии 212 зану кӯдаки тоҷик барои бозгашт аз Сурия

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳои Сурия боқимондаи кишварро ба Ватан баргардониданист ва айни замон дар ин бора гуфтушунид ҷараён дорад. “Мувофиқи маълумоти мо, дар паноҳгоҳҳои Сурия наздики 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки омодаанд […]

Дар нишасти матбуотии имрӯзаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон шаҳрвандони дар паноҳгоҳҳои Сурия боқимондаи кишварро ба Ватан баргардониданист ва айни замон дар ин бора гуфтушунид ҷараён дорад.

“Мувофиқи маълумоти мо, дар паноҳгоҳҳои Сурия наздики 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон ҳастанд, ки омодаанд ба Ватан баргарданд. Барои муайян кардани шумори воқеии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия ҳамаҷониба тадбирҳо андешида шуда, гуфтушунид гузаронида мешавад”, – иброз дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин.

Ӯ қайд кард, ки бо ҳукумати Сурия, намояндагони нерӯҳои демократии ин кишвар, ки паноҳгоҳҳои ҷангиён ва ҳаммаслакони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) зери назорати онҳо мебошанд, музокирот давом дорад.

“Сафири мо дар Кувайт, ҳамзамон сафир дар Сурия аз номи ҳукумат бо ҷониби Сурия гуфтушунид мекунад. Мо дар ин самт бо Хазанаи кӯдакони СММ ва Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх ҳамкорӣ дорем. Онҳо ба кумак дар бозовардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан изҳори омодагӣ карданд”, – гуфт ӯ.

Ӯ ба суол дар бораи ифтитоҳи намояндагии дипломатии муваққатии Тоҷикистон дар Сурия посух дод, ки ин масъала мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Бо вуҷуди ин, тавре ман пештар гуфтам, намояндагони сафорат дар Кувайт ба Сурия рафта, ба бозгашти шаҳрвандони мо мусоидат мекунанд. Мо дар ин хусус аз раҳбарияти олии кишвар вазифа гирифтем ва онро ҳатман иҷро мекунем”, – хабар дод вазир.

Ёдрас мекунем, ки 30-юми апрели соли гузашта 84 нафар фарзандони занони тоҷик, ки ҳамсаронашон дар ҳайати гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” меҷангиданд, тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе оварда шуданд. Чанде аз онҳоро замоне волидонашон ба Ироқ бурда, бархе дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд. Падарони аксари онҳо кушта ва модаронашон барои ҳамкорӣ бо террористон зиндонӣ шуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар аввал изҳор дошт, ки ин кӯдакон ба хешону пайвандонашон дода мешаванд, аммо баъдан онҳо ба мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон тақсим карда шуданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, 44 нафар кӯдакони синни аз 1 то 5-сола ба хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе, 33 нафар – ба интернату хонаҳои кӯдакон ва 2 духтари ноболиғ бо тифлҳои ширмакашон – ба муассисаҳои маълумоти касбӣ-техникии Вазорати меҳнат фиристода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.