Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ним миллион доллар зарар диданд

Соли 2019 даромади операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон қариб 5 млн сомонӣ (беш аз 515 ҳазор доллар) кам шуд. Як сол пеш ин нишондиҳанда ба 2 млрд 414 млн сомонӣ баробар буд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад. Ширкатҳои алоқаи мобилӣ соли гузашта ба маблағи 2 млрд 409 млн сомонӣ ба муштариён […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2019 даромади операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон қариб 5 млн сомонӣ (беш аз 515 ҳазор доллар) кам шуд. Як сол пеш ин нишондиҳанда ба 2 млрд 414 млн сомонӣ баробар буд. Дар ин бора Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад.

Ширкатҳои алоқаи мобилӣ соли гузашта ба маблағи 2 млрд 409 млн сомонӣ ба муштариён хизматрасонӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, даромади воҳидҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ баръакс, қариб чоряк андоза афзуд: аз 216 млн сомонӣ дар соли 2018 то ба 267 млн сомонӣ дар соли 2019.

Чанде қабл раиси Кумтаи андози кишвар Нусратулло Давлатзода ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозро дар соли гузашта ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста медонад.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2019 нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар кишвар 3,9% камтар ба иҷро расид.

Раиси Кумита қайд кард, ки ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Вай афзуд, ки 432 млн сомонии ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.

“Аз соли 2015 ширкатҳои мобилӣ тадриҷан аз хизматрасонии овозӣ (гуфтугӯ бо телефон) ба дигар навъҳои муосири хизматрасонӣ мегузаранд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон то ҳол танзим нашудааст. Имрӯз ҳама хизматрасониҳо тариқи интернет ба иҷро мерасанд ва мо дар ҳаҷми начандон зиёд андоз меситонем”, – гила кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон коҳиши даромади ширкатҳои мобилиро ба андозбандии баланд дар кишвар, ҷорӣ сохтани Маркази ягонаи коммутатсионӣ ва дигар монеаҳо марбут медонанд, ки даҳсолаи охир аз ҷониби давлат пеши роҳи онҳо гузошта шуд.

Дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Тибқи маълумоти Хадамот, шумори муштариёни алоқаи мобилии Тоҷикистон айни замон беш аз 6,1 млн нафарро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 4,8 млн нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Шумори корбарони шабакаи интернет ҳамроҳ бо интернети мобилӣ зиёда аз 3,2 млн нафар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.