Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар доираи даври ниҳоии интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар шаҳри Ҷалолобод вохӯрии аввал байни дастаҳои “Нефтчӣ” (Қирғизистон) – “Хуҷанд” (Тоҷикистон) доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17.00 ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  9.6962 сомонӣ; […]

АНОНС

– Дар доираи даври ниҳоии интихобии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар шаҳри Ҷалолобод вохӯрии аввал байни дастаҳои “Нефтчӣ” (Қирғизистон) – “Хуҷанд” (Тоҷикистон) доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17.00

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6962 сомонӣ;

1 евро – 10.4748 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1515 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзҳои 19-20 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳҳои нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, Нуробод –Тавилдара) эҳтимолияти фаромадани тарма дар назар аст.

1993 — Дафтари кории САҲА дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

2003 — Дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд воҳиди махсуси ВКД ҶТ миқдори зиёдтарини маводи мухаддир дар таърихи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар – 345 кило героинро дарёфт ва мусодира намуд.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Яъқуб Сабзанов.

1930 – Мавлуди адабиётшинос, нависанда Зоҳир Аҳрорӣ.

1939 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Тӯхта Иброҳимова.

1974 – Мавлуди олим-табиб Нигина Даминова.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти баҳрӣ ё Рӯзи умумиҷаҳонии наҳангҳо (китҳо). Бозёфтҳои олимон мавҷуд будани кит ва тюленҳоро ҳанӯз 26 млн сол пеш тасдиқ кардаанд.

142 сол пеш замони сабти аудио оғоз гардид – Томас Эдисон ба дастгоҳи фонограф барои сабти механикӣ ва пахши овоз патент гирифт. Дастгоҳ 18 доллар нарх дошт.

Дар Арманистон Иди миллии Рӯзи тақдими китоб ҷашн гирифта мешавад. Чанде қабл мо ба муносибати Рӯзи байнулмилалии тақдими китоб (14 феврал) ва 25-солагии оғози фаъолиятамон як иқдоми ҷамъоварӣ ва тақдими китобҳоро ба муассисаи ислоҳии кӯдаконаи шаҳри Душанбе баргузор кардем. Ин аксия идома дошта, шумо метавонед китобҳоро бо суроғаи: Душанбе, кӯч. Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 2-юм ба мо оред.

Рӯзи тавлиди муҳаррири графикии Photoshop. Амрикоӣ Томас Нолл барои коркарди тасвирҳои графикӣ (ҷадвалӣ) барнома таҳия намуд. 19 феврали соли 1990 аввалин нусхаи расмии барномаи Photoshop 1.0 нашр шуд.

ОБУҲАВО

Рӯзҳои 19-20 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (шоҳроҳҳои нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, Нуробод –Тавилдара) эҳтимолияти фаромадани тарма дар назар аст.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барф, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, рӯзона ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2-7 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 5-10° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо барф борида, рӯзона ҳавои бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 6-11 хунук, рӯзона -2+3°, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳавошабона 19-24° хунук рӯзона 6-11° хунук мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон. барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ба амал омада, рӯзона ҳавои бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 4-9 хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар бо гузариш ба барфи тар борида, рӯзона ҳавои бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 0+2° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар барф борида, рӯзона ҳавои бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо борон борида, рӯзона ҳавои бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 7+9° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо барф борида, рӯзона ҳавои бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Шабона 7-9° хунук, рӯзона -1+1° мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.