Медали биринҷии гуштингири тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ ба даст овард. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мубинҷон дар вазни 63 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд. Гуфта мешавад, ӯ […]

Asia-Plus

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мубинҷон Ахмедов медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мубинҷон дар вазни 63 килои гуштини юнонӣ-римӣ дар чорякфинал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҷинсеуб Сонг, ки медали нуқра ба даст овард, мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм бар намояндаи Кувайт Муҳаммад Алаҷмӣ ғалаба кард. Дар ин вазн варзишгари Ӯзбекистон Элмурод Тосмуродов пирӯз шуд. Медали дигари биринҷиро намояндаи Эрон соҳиб гардид.

“Дар рӯзи аввал ҳамчунин ду варзишгари Тоҷикистон – Муслиҳиддин Уроқов (77кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87кг) гуштин гирифтанд, вале ба шикаст дучор шуданд”, – омадааст дар маълумоти Кумита.

Имрӯз қувваозмоиҳои гӯштини юнонӣ-румӣ дар 5 вазни дигар идома ёфта, варзишгарони тоҷик дар 4 вазн гуштин мегиранд – Фирӯз Мирзораҷабов (60кг), Зайниддин Қамаров (67кг), Лоиқ Амирхонзода (72кг), Мирзоамин Сафаров (97кг).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.